- барг
- [برگ]1. узви аз ҳаво ва аз нури офтоб ғизогирандаи дарахт ва растаниҳо2. порчаи хамири тунук кардашуда, ки ба он самбӯса, тушбера ва ғ. мепечонанд3. порае аз харбузаву тарбуз, ки баъд аз коса кардан аз кӯндалангаш бурида мешавад; барги карам а) варақи сабзранги карам; б) як навъи атлас, ки гулҳои калон-калони зангор дорад; барги сабз а) барги тару тоза; б) маҷ. тӯҳфаи майда, ҳадяи ночиз; ҳалқаи барги марворидкорӣ гӯшвораи марворидкорӣ, ки ба шакли барг сохта шудааст4. як навъ кабоб, ки аз гӯшти нарми гӯсола ё гӯсфанд парча парча таҳия мешавад, кабоби барг5. созунаво, нағма, оҳанг6. воҳиди шумориш; як барг коғаз; чун барги бед ларзидан сахт ларзидан (аз ваҳму ҳарос); чун барги хушк рехтан якбора ва бисёр рехтан; нобуд шудан.◊ баргу зод тӯшаву сомони сафар, зоди сафар
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.